Ссылки доступа

Дар Ҷопон заминларзаи шадид рух дод


Дасти кам ду нафар кушта ва садҳо тани дигар дар заминларзаи шадиде, ки дар ҷануби Ҷопон рух дод, маҷруҳ шуданд. Наҷотбахшон амалиёти ҷустуҷӯи одамонро дар зери харобаҳо идома медиҳанд.

Аз заминларзаи 6-балӣ як бино хароб шуд. Мақомот мегӯянд, нерӯгоҳҳои атомӣ осеб надидаанд. Шабакаи NHK хабар медиҳад, ки ин заминларза сунами дар пай нахоҳад дошт.

Яке аз ин ду кушта дар зери харобаҳои бино ва дувумӣ дар сухторе, ки баъди заминларза сар зад, ҷон бохтаанд. На камтар аз 400 маҷруҳ бистарӣ шудааст. Интизор меравад, шумори қурбониён биафзояд. Раиси шаҳри Кумамото хабар медиҳад, ки дар ин шаҳр 9 нафар фавтидааст.

XS
SM
MD
LG