Ссылки доступа

Заҳролудшавии дастаҷамъии муҳоҷирон дар Москва


Бештар аз сад муҳоҷир аз Осиёи Маркаӣ, асосан шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон, бо аломати заҳролудшавии шадид дар бемористони Москва бистарӣ шуданд, хабар медиҳад Бӣ-бӣ-сӣ.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, президенти ширкати ғайритиҷории "ЭТМОС"-и Русия наздики 140 коргар мумкин аст ҳангоми тановули ғизои нисфирӯзӣ заҳролуд шуда бошанд. Ин ғизоро бо фармоиши ширкати сохтмоние, ки муҳоҷирон он ҷо кор мекарданд, ошпазҳо пухтаанд.

"Коргарон аз тарси бе ҷои кор мондан дар бораи ин ҳодиса намехоҳанд ошкоро суҳбат кунанд. Шаби гузашта кормандони пулис низ нагузоштанд, ки наворбардорӣ шавад. Бештар аз 100 нафар ба бемористон оварда шудааст. Ёрии таъҷилӣ барои наҷоти ҷони муҳоҷирон ҳатто дар кӯча ёрии тиббӣ мерасонид", - гуфт Ёров.

Дар гузашта мақомоти Русия чанде аз ширкатҳоро барои риоя накардани меъёрҳои асосии беҳдоштӣ ва ба роҳ мондани низоми нодурусти кор, истироҳат ва ғизои коргарон борҳо танқид карда буданд.

XS
SM
MD
LG