Ссылки доступа

Бонувони тоҷик қаҳрамони романи бритониёӣ шуданд


Китоби нависандаи бритониёӣ Анник Милисик-Стейнлӣ “Ҳамсари саркаш” ("The Disobedient Wife"), ки дар аз сарнавишти занҳои тоҷик қисса мекунад, ба фурӯш баромад.

Роман аз сарнавишти зане бо номи Наргис аст, ки мехоҳад бо такя ба нерӯи худаш зиндагии нав ва мустақилона оғоз кунад. Наргис қаҳрамонест, ки дар симои вай зиндагии тоҷикзанҳои зиёде таҷассум ёфтааст. Бо ин занҳо муаллифи роман дар солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ошно шудааст. Инсоншинос Аника Милисик-Стейнлӣ дар солҳои 2007-08 дар Душанбе зиндагӣ кардааст.

“Зиндагӣ дар Тоҷикистон ба ман чунон таъсир гузошт, ки хостам, дар ин бора китобе нависам. Он замон дар бораи зиндагии инсонҳои наҷибе қиссаҳо шунида будам. Вале сарнавишти занҳо маро бештар ба шавқ овард. Нахуст қиссаҳои кӯтоҳе навиштам, аммо дертар дарк кардам, ки бояд ҳамаи онҳоро дар як роман гирдиҳам оварам”, - гуфт Инника Милисик-Стейнлӣ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ.

Романи “Ҳамсари саркаш” соли 2015 дар нашриёти Cinnamon Press нашр шуда, баҳори соли ҷорӣ ба фурӯш баромад. Дар ин роман калимаҳои зиёди тоҷикӣ ба мисли ширин, худои ман, нон вомехӯранд. “Калимаҳои тоҷикӣ асари маро вижа сохтанд. Агар ин калимаҳаро ба англисӣ тарҷума мекардам, лаззаташон гум мешуд”, - зикр кард муаллиф.

XS
SM
MD
LG