Ссылки доступа

Озмоиши мушаки болдори Кореяи Шимолӣ бо нокомӣ анҷомид


Ба иттилои намояндаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ, субҳи имрӯз озомиши мушаки болдори миёнпарвози Кореяи Шимолӣ бо нокомӣ анҷомид.

Ин парвози озмоишӣ ба зодрӯзи бунёдгузори Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен бахшида шуда буд.

Вазорати мудофиаи ИМА низ нокомии онро тасдиқ мекунад.

Мушаки сайёри “Мусудан” метавонад аз ду то севуним ҳазор километр парвоз кунад. Ин мушак қодир аст бомбаи вазнаш қариб якуним тоннаро то ҷазираи Гуами Амрико расонад. Ин навъи мушакҳо пештар озмоиш нашуда буданд. Ҷузъҳои барои насби мушаки “Мусудан”-ро Кореяи Шимолӣ эҳтимолан ба Эрон содир кардааст.

“Мусудан” бо муҳаррике насб шудааст, ки мушакҳои зериобӣ доранд. Ин мушакҳоро Пхенян соли гузашта озмуда буд, вале ин озмоишҳо низ ба нокомӣ анҷомиданд.

Нозирон зикр мекунанд, ки нахустин партобҳои озмоишии мушакбардори навъи “Тэпходон-2” низ ноком буданд, аммо бо гузашти вақт Кореяи Шимолӣ тавонист, камбудиҳои ин мушакбари кайҳониро ислоҳ карда, ду мушаки маснуии заминро ба кайҳон бароварад.

Пхенян вақтҳои охир дар бораи дастовардҳояш дар арсаи таҳияи муҳаррикҳои мушакӣ ва захираҳои ҳастаӣ муболиға мекунад. Ин баёнияҳои Кореяи Шимолӣ гоҳе бо таҳдидҳои зарбаҳои атомӣ ба Ню-Йорку Вашингтон ва ҳамчунин ба коргоҳи президенти Кореяи Ҷанубиро ҳамроҳанд.

XS
SM
MD
LG