Ссылки доступа

Пентагон: дар се моҳ -- 80 зарба ба “ДИ” дар Афғонистон


Тибқи баёнияи Пентагон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нерӯҳои ҳавоии ИМА ба мавзеъҳои “Давлати исломӣ” 80 зарбаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Генерал Чарлз Кливленд хабар дод, ки баъд аз бештар шудани салоҳияти низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар, онҳо тавонистанд муқобала бо ифротгароёнро бештар кунанд. Пештар ҳамлаҳо ба зидди ДИ танҳо дар бархе маврид, аз ҷумла, барои ҳимояи нерӯҳои заминӣ анҷом дода мешуд.

Кливленд гуфт, ки бомбаборонҳо нерӯи низомии ДИ-ро дар қаламрави Афғонистон заиф карданд. Бештаре аз зарбаҳо дар вилояти Нангарҳор, ки пойгоҳи ҷангиён дониста мешавад, анҷом дода шудаанд.

Генерал ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол хатари воқеии комилан ба дасти “Толибон” гузаштани вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон вуҷуд надорад, аммо вазъият дар ин минтақа нигаронкунанда мемонад. Дар моҳи феврал нерӯҳои афғон баъд аз як моҳи набардҳои сангин бо толибон дар ин минтақа ақибнишинӣ карданд.

XS
SM
MD
LG