Ссылки доступа

Ҳамкории арабҳо бо Қирғизситон дар бахши кишоварзӣ


Сармоягузорони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтанд, омодаанд, ки дар бахши кишоварзӣ ва бунёди иншооти зерсохтори Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора вазири энергетикаи ИМА Суҳайл Муҳаммад Фараҷ Ал Мазруӣ дар дидор бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳайати Иморот барои сафар ба Қирғизистон омодагии ҷиддӣ дидааст. "Ин ҳайат аз 29 нафар иборат аст ва мо талош кардем, ки намояндагони ширкатҳои бузург шомили ин ҳайат шаванд", - гуфтааст вазир.

"Ҳадафи аслии сафари мо - фаъол гардонидани ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ аст. Мо ба бахши кишоварзӣ ва сохтмонӣ авлавият медиҳем", - афзудааст Суҳайл Муҳаммад.

Ин ҳайат 14 апрел вориди Қирғизистон шудааст. Дар ин кишвар форуми "Қирғизистон-ИМА" баргузор шуд ва ҷониби Қирғизистон лоиҳаҳои худро барои ҳамкорӣ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG