Ссылки доступа

Пентагон: Су-27-и Русия роҳи ҳавопаймои ИМА-ро гирифт


Намояндаи Фармондеҳии нерӯҳои низомии аврупоии ИМА хабар дод, 14 апрел роҳи ҳавопаймои RC-135-и нерӯҳои ҳавоии амрикоӣ, ки дар фазои байналмилалии баҳри Балтик парвоз мекард, аз сӯи ҳавопаймои ҷангии Русия гирифта шуд.

Дэнни Эрнандес, намояндаи нерӯҳои ИМА гуфт, пешгирӣ аз парвози ҳавопаймои амрикоӣ "дар шакли хатарнок ва ғайрикасбӣ" сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, ҳавопаймои русӣ ҳамчунин ҳаракатҳои "бетартибона ва ҳамлаварона" анҷом додааст.

Намояндаи вазорати дифои Русия Игор Конашенков дар посух гуфтааст, парвози ҳавопаймои русӣ "тибқи қонунҳои байналхалқии истифодаи фазои ҳавоӣ" анҷом шудааст. Вай ҳамчунин афзудааст, набояд дар бораи "наздикшавии хатарнок"-и Су-27 русӣ ба ҳавопаймои амрикоӣ ҳарф зад.

Ин рӯйдоди дувум дар фазои Балтик аст. Пештар ҳавопаймои Су-24-и Русия ба киштии ҳарбии "Доналд Кук", ки дар обҳои байнулмилалӣ шино мекард, ба андохаи хатарнок наздик омада, сабаби эътирози мақомоти Амрико гашта буд.

XS
SM
MD
LG