Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон дарсгурезҳоро милитсия меҷӯяд


Милитсияи Ӯзбекистон ба мактаб кӯдаконеро бармегардонанд, ки дар бозорҳо машғули аробакашӣ ё талбандагӣ ҳастанду ё дар интернет-қаҳвахонаҳо вориди ҷаҳони интернету бозиҳои компютерӣ мешаванд. Амалиёте бо номи “Талаба”-ро Раёсати маориф якҷо бо раҳбарияти мактабҳо анҷом медиҳад.

Манбаи Идораи хабарҳои Осиёи Марказӣ дар Раёсати маорифи вилояти Намангон мегӯяд, ки дар ду рӯзи ахир даҳҳо кӯдаке ошкор шудаанд, ки ба ҷои таҳсил дар мактаб, дар бозорҳои маҳаллӣ аробакашӣ ё дар устохонаҳои мошин кор мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон таҳсили ибтидоии 12-сола барои ҳамаи кӯдакон ва наврасон ҳатмӣ аст. Баъд аз анҷоми таҳсил дар синфи 9 наврасон вазифадоранд ба сурати маҷбурӣ дар литсейҳо ё коллеҷҳои касбӣ таълими сесола бигиранд.

Ба эътиқоди нозирон, бештаре аз кӯдакон дар Ӯзбекистон ба сабабҳои оилавӣ ба мактаб намераванд. Бештаре аз волидайни камбағал наметавонанд фарзандони худро бо либоси мактабиву китобу дафтар таъмин кунанд ва ба ин сабаб кӯдакон водор мешаванд, ки ба мактаб нараванд.

XS
SM
MD
LG