Ссылки доступа

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа вориди Душанбе шуд


Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба иттилои як манбаъ дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар, ки то 20-уми апрел идома меёбад, вай бо раҳбарияти Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Бордюжа ҳамчунин дар маросими оғози тамринҳои муштараки ниҳодҳои иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД “Ҷустуҷӯ-2016” ширкат мекунад. Ин тамринҳо аз 18 то 22-уми апрел дар маркази омӯзишии “Мағоб”-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи “Лоҳур”-и пойгоҳи низомии 201 Русия баргузор мешаванд.

Ба иттилои Бахши Иттилоотии Осиёи Марказӣ, дар ин тамринҳо қариб 1500 сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат мекунанд.

Ин тамрин бо мақсади беҳбуди низоми ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди иттилои иктишофии артишҳои кишварҳои узви СПАД анҷом дода мешавад.

XS
SM
MD
LG