Ссылки доступа

Қирғизистон ба гузориши ИМА дар бораи ҳуқуқи инсон вокуниш кард


Департаменти давлатии ИМА гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2015-ро нашр кард. Дар ин гузориш дар бораи бад шудани вазъи озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон таъкид шудааст.

Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА аз вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Қирғизистон интиқод шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо пахши баёнияе ин гузориширо навъи талош барои фишор ба низоми феълии сиёсии кишвар унвон кард.

Дар баёния гуфта шудааст, ки Қирғизистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони хориҷӣ, аз ҷумла ба ниҳодҳои ҷудогонаи ИМА барои машваратҳои муфид ва ёрии амалӣ дар ин кори бузург арзи сипос мекунад. Ҳамзамон Қирғизистон ба ин назар аст, ки арзёбиҳои ҷудогонаи ин гузориш ҳангоматалабу носаҳеҳ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

“Хулосаҳо дар мавриди суръати афзоиши “боздоштҳои ғайриқонунӣ” ва “ба фоидаи мақомот аз ҷомеа дур сохтани шаҳрвандони норозӣ”-ро ғайривоқеӣ ва беасос медонем. Мушоҳидаҳо дар мавриди гӯиё “бе ҷазо мондани мақомот”, “вайроншавии ҳуқуқҳои” А. Аскарови ба ҳамагон маълум ва “фишори мақомот ба созмонҳои ғайридавлатӣ” беасосанд”, - гуфта шудааст дар баёния.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гузориши Департаменти давлатии ИМА-ро дар мавриди Қирғизистон “ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ, беасос ва талоше барои расонидани фишор ба низоми феълии давлатӣ ва тӯҳмати сиёсӣ арзёбӣ мекунад”.

XS
SM
MD
LG