Ссылки доступа

Дар Брюссел ҳазорон нафар зидди терроризм раҳпаймоӣ карданд


Рӯзи якшанбе дар Брюссел наздики 7 ҳазор сокин ба "Роҳпаймоӣ зидди терроризм ва бадбинӣ" баромад. Ин роҳпаймоӣ баъди тақрибан як моҳи силсилаи ҳамлаҳо дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел, ки 32 нафар кушта ва тақрибан 300 захмӣ ба ҷой гузошт баргузор гардид.

Қисме аз ширкатдорон раҳпаймоиро аз минтақаи Моленбек оғоз карданд. Пулис дар ин минтақа баъди ҳамлаҳо амалиёт гузаронид ва чандин нафарро ба гумони ҳамдастӣ дар терроризм боздошт кард. Дар анҷоми раҳпаймоӣ захмиёни террорҳо ва наздикони кушташудагон суханронӣ карданд. Ширкатдорони эътироз ба ваҳдат ва худдорӣ аз тақсими ҷамъияти белгиягиҳо ба "яҳудиён", "гурезагон" ва "мусалмонҳо" даъват карданд.

Ин раҳпаймоӣ ибтидо 27 март дар назар дошта шуда буд, аммо дар робита ба ҳолати фавқулода дар вақти дигар гузаронида шуд.

XS
SM
MD
LG