Ссылки доступа

Дар Остона аз ҷонварони сирк ҳимоят карданд


Дар Остона ҳомиёни ҷонварон зидди истифодабарии ҳайвонҳо дар сирк эътироз карданд. Фаъолон дар назди маркази тиҷоративу тафреҳии “Мега Остона” гирдиҳам омада, шиорҳое бо акси маймунҳо, шерҳо, филҳои дохили панҷараи сиркро дар даст доштанд.

Зери шиорҳо инчунин навиштаҳои ба мисли “Шумо хушҳолед? Аммо онҳо на!” ва “Сирк ҷаҳаннамест барои ҷонварон” дида мешуданд.

- Мо зидди сиркҳо эътироз мекунем, зеро дар онҳо нисбати ҷонварон зӯроварӣ мешавад. Дар бештаре аз кишварҳои аврупоӣ собит кардаанд, ки ҳангоми ром кардани ҷонварҳо онҳоро мезананд ва гурусна нигаҳ медоранд. Ман мутмаинам, ки сиркҳои мо низ истисно нестанд. Дар бештаре аз кишварҳо ҳузури ҷонваронро дар сиркҳо қонун манъ кардааст. Ҳатто дар Эрон низ чунин сирк манъ шудааст. Мо мехоҳем, ки кишвари мо низ ба сатҳи пешрафта барояд ва чунин сиркҳоро манъ кунад, - гуфт ҳомии ҷонварон Иля Науменко аз Остона.

Дар ҷараёни ин иқдом, ки камтар аз як соат идома дошт, фаъолон варақаҳои эътирозӣ нисбати сиркҳои ҷонвардорро тақсим карданд.

17-уми апрел дар ҷаҳон Рӯзи сирк таҷлил мешавад, аммо ҳомиёни ҷонварон дар Русия ва кишварҳои дигари Иттиҳоди давлатҳои мустақил ин рӯзро ба унвони Рӯзи ҳимояи ҷонварони сирк арзёбӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки фаъолони ҷамъиятӣ мехостанд дар назди бинои сирки Остона иқдоми эътирозӣ баргузор кунанд, аммо шаҳрдорӣ расман дар ин маҳал анҷом додани чунин иқдомро манъ кард.

XS
SM
MD
LG