Ссылки доступа

Ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби футболи Аргентина Леонил Мессӣ дар бозии давраи 33-уми сабқати Испания 500-умин голи даврони футболбозиашро вориди дарвозаи рақиб кард. Аммо ин гол ба тими "Барселона" кумак накард, ки дар бозиҳои дохилӣ пирӯз шавад.

Бино бар иттилои УЕФА, Мессӣ дар тамоми даврони футболбозиаш: дар лигаи қаҳрамонони УЕФА - 83 гол, Ҷоми олии УЕФА - 3, қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳон -5, қаҳрамонии Испаниё - 309, Ҷоми Испаниё - 39, Ҷоми олии Испаниё -11 гол задааст. Вай ҳамчунин дар тими мунтахаби Аргентина дар бозиҳои расмӣ 23 гол ва дар бозиҳои дӯстона 27 гол вориди дарвозаи рақиб кардааст.

Мессӣ ягона барандаи панҷкаратаи "Тӯби тилоӣ" - ҷоизаи беҳтарин футболбози сол дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 шудааст.

XS
SM
MD
LG