Ссылки доступа

Суҳбати телефонии Порошенко бо Владимир Путин


Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко бо президенти Русия Владимир Путин тариқи телефон суҳбат кард ва аз Русия хост, ки Надежда Савченкоро фавран озод кунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Украина иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои низомиёни рус Евгений Ерофеев ва Александр Александров баррасӣ шудааст.

Қарор шудааст, ки ба Консули кулли Украина дар Ростов иҷозаи аёдати Надежда Савченко дода шавад. Ба сабаби бадшавии саломатии Савченко президент Порошенко хост, ки ба назди вай духтурҳои украинӣ ё олмонӣ роҳ дода шаванд.

Додгоҳи Голосееви шаҳри Киев рӯзи душанбе шаҳрвандони Русия Евгений Ерофеев ва Александр Александровро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Исми Ерофеев ва Александров борҳо, аз ҷумла аз тарафи президенти Украина Петр Порошенко дар ҳошияи ивази эҳтимолии онҳо ба Надежда Савченко садо дода буд.

XS
SM
MD
LG