Ссылки доступа

Сергей Пономарев соҳиби ҷоизаи Пулитсер шуд


Аксбардори рус Сергей Пономарев соҳиби ҷоизаи Пулитсер дар соли 2016 дар бахши “Аксбардории хабарӣ” шуд. Дар ин бора сомонаи ин ҷоиза хабар медиҳад.

Ин ҷоизаро Пономарев барои силсилаи аксҳои гурезаҳо аз Ховари Миёна ба Аврупо сазовор шуд. Ҳамроҳ бо се аксбардори дигар Пономарев дар Юнон, Словения ва Маҷористон аксбардорӣ кардааст. Аксҳои ӯро рӯзномаҳои машҳури ИМА, аз ҷумла, “Ню-Йорк таймс” чоп кардаанд. Пономарев нахустин шаҳрванди Русия нест, ки соҳиби чунин ҷоизаи машҳури ИМА мешавад. Пеш аз вай аксбардори “Ассошиэйтед пресс” дар Москва Александр Земляниченко бо ҷоизаи Пулитсер қадрдонӣ шуда буд.

Ҳамроҳ бо Пономарев ин ҷоиза ҳамчунин ба Маурисио Лима, Тайлер Хикс ва Дэниел Эттер барои гузоришҳо аз ҳаёти гурезаҳо тақдим шудааст.

XS
SM
MD
LG