Ссылки доступа

Се фармондеҳи Толибон кушта шудаанд


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар амалиёти 17-уми апрел анҷомшуда нерӯҳои давлатӣ дар атрофи шаҳри Кундуз яке аз фармондеҳони калидии ҷунбиши Толибон Муҳибулло Ҳақёр ва 7 ҷангии ӯро куштаанд.

Ба гуфтаи раиси Қалъаи Зол Маҳбубулло Соҳибӣ, толибон баъд аз талоши нокоми ғасби Кундуз дар минтақаҳои дастнорас паноҳ бурдаанд. "Аммо теъдоди онҳо дар он ҷо зиёд нест. Дар миёни ҷангиёни Толибон зархаридон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд", - афзуд вай.

Дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё дар миёни кушташудагон дар даргирии дирӯза зодаҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ё на, вай гуфт, ки аз миёни 8 ҷасад то ҳол танҳо ҷасади Муҳибулло Ҳақёр шиносоӣ шудааст. Худи ин фармондеҳ зодаи Қалъаи Зол буд ва мутахассиси минагузорӣ дониста мешуд.

Мақомоти вилояти Кундуз хабар медиҳанд, ки рӯзҳои ахир дар даргириҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва толибон боз ду фармондеҳи ҷунбиши Толибон - Мулло Саддом ва Ҳабиб Насрӣ кушта шудаанд. Якумӣ ҳамроҳи 8 ҷангиаш дар маҳаллаи Қатта-Хейл ва дувумӣ ҳамроҳи 5 ҷангиаш дар минтақаи Ҷаргузар, дар наздикии Қундуз ҳангоми талоши ғасби ин шаҳр кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG