Ссылки доступа

Боздошти раҳбари яке аз бахшҳои Дастгоҳи президент


Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, зидди мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президент Қадамҷон Сафизода "барои соҳикбории ғайриқонунӣ" парванда боз кардааст.

Дар сурати исботи ин ҷурм ба Сафизода ҷаримаи то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз се то панҷ сол зиндон таҳдид мекунад.

Боздошти Қадамҷон Сафизодаи 34-сола рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, аммо танҳо 18 апрел ин хабар тасдиқи худро пайдо кард. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Қадамҷон Сафизода дар "истифодаи нодурусти маблағҳо ва талаби пора" гумонбар дониста мешавад. Вай дар 23-солагӣ дар Хадамоти алоқа фаъолияташро шуруъ карда, дар 26-солагӣ аллакай муовини раиси ин хадамот буд.

Манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, ки Сафизода ҳангоми гирифтани пора аз як шаҳрванд боздошт шудааст. Парвандаи мазкурро муфаттишони ВКД дар якҷоягӣ бо муфаттишони прокуратура тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG