Ссылки доступа

Парванда зидди хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қрим


Додситони Қрими ғасбшуда Наталя Поклонская мегӯяд, зидди хабарнигори нашрияи интернетии "Қрим. Воқеиятҳо" (шуъбаи минтақавии хадамоти украинии Радиои Озодӣ) бо айби даъват ба вайрон кардани тамомияти арзии Федератсияи Русия парванда боз шудааст. Поклонская дар ин бора ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Додситон номи хабарнигорро зикр накардааст. Ин моддаи қонунгузории Русия то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Олег Крючков, рӯзноманигор аз Қрим мегӯяд, сухан дар бораи Николай Семен меравад. Зимнан манзили Семен субҳи 19 апрел кофтуков шудааст. Матлаби Николай Семен ба муҳосираи Қрим аз сӯи фаъолони Украина рабт дошт. Семен - рӯзноманигори қримӣ аст, ки пештар бо нашрияҳои чопи Қрим - "Рӯз" ва "Оинаи ҳафта" ва ҳамчунин нашрияи "Известия"-и Москва ҳамкорӣ дошт. Ҳоло вай бознишастааст.

"Қрим. Воқеиятҳо" ҳамчунин аз кофтуков дар манзили ду рӯзноманигори дигар - Леняр Абибулоев ва Руслан Люманов хабар медиҳад.

Парвандаи ҷиноятӣ бо айби "даъвати оммавӣ ба вайрон кардани тамомияти арзии Русия" дар Қрим пештар аз ин зидди раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим, вакили порлумони Украина Рефат Чубаров ва ноиб-сарвазири пешини ҳукумати Қрим, созмондиҳандаи муҳосираи энергетикӣ Ленур Ислямов ҳам боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG