Ссылки доступа

Дар Москва таблиғгари тоҷики ДИ боздошт шуд


Расонаҳои русӣ бо истинод ба раиси пулиси шаҳри Москва Анатолий Якунин аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр хабар медиҳанд, ки дар таблиғи шаҳрвандон ба сафи созмони террористии дар Русия мамнӯи ДИ гумонбар шудааст.

Хабар дода шудааст, боздошти ин нафар ҳанӯз 14-уми апрел дар рафти амалиёти “Таксӣ”-и пулис сурат гирифтааст. Ҳадафи ин амалиёт пешгирӣ аз фаъолияти мусофиркашҳои ғайриқонунӣ ва таъмини амнияти мусофирон будааст.

Ба гуфтаи Якунин, боздоштшуда дар Москва ба унвони ронандаи таксӣ кор мекард, вале “барои ҷалби шаҳрвандон ба ширкат дар ҷангҳо дар сафи ДИИШ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт”.

Вай афзуд, беш аз 900 ронандаи санҷидашудаи таксӣ шахсоне будаанд, ки пештар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд. Дар маҷмӯъ 29 ронандае дастгир шуд, ки пулис онҳоро меҷуст.

XS
SM
MD
LG