Ссылки доступа

Обама ба Арабистони Саудӣ, Бритониё ва Олмон сафар мекунад


Барак Обама, президенти ИМА ба сафари хориҷии 6-рӯза баромада, ба Арабистони Саудӣ, Бритониё ва Олмон ташриф мебарад.

Тавре рӯзноманигорони ҳамсафари Обама хабар медиҳанд, президент дар роҳ ба Риёзи Арабистони Саудӣ аз пойгоҳи низомии Амрико дар Рамштайни Олмон дидан мекунад.

Кохи сафед хабар медиҳад, ки бонуи аввали ИМА - Мишел Обама дар Лондон ба президент ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG