Ссылки доступа

Савченко баъд аз сӯҳбат бо Порошенко гуруснашиниро қатъ кард


Надежда Савченко баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо президенти Украина Петр Порошенко гуруснанишиниро қатъ кард. Дар ин бора вакили дифои сарбози украинӣ Иля Новиков дар “Твиттер” хабар додааст.

Надежда Савченко баъд аз занги телефонии президенти Украина, модару хоҳараш ва муовини раиси Рада Ирина Герашенко ба қатъи гуруснанишинӣ розӣ шуд. Дар ин бора вакили дифои ӯ Иля Новиков хабар додааст, ки шоҳиди сӯҳбатҳо будааст.

Ба гуфтаи ҳимоятгар, ҳуқуқдонҳои украин ҳама шаклҳои ивази шаҳрвандони дар Украина маҳкумшудаи Русия Александр Александров ва Евгений Ерофеевро ба Надежда Савченко омода кардаанд.

Пештар Порошенко дар бораи ивазкунии Савченко гуфта буд, ки ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Русия Владимир Путин “наҳваи иваз муайян карда шуд”. Дар Кремл низ гуфтанд, ки сарнавишти сарбози украинӣ дар сӯҳбат бо Путин воқеан “баррасӣ” шудааст. Аммо сухангӯи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ кард.

Савченко ба 22 соли зиндон барои айбҳои ба гуфтаи худаш “сохташуда” маҳкум гашт ва ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG