Ссылки доступа

Дар Кобул бештар аз 300 нафар қурбонии таркиш шуд


Толибон ба бинои хадамоти амнияти Афғонистон дар Кобули ҳамла карда, дасти кам 28 нафарро кушта ва бештар аз 300 каси дигарро маҷруҳ намуданд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ гуфт, ҳамлаи 19 апрел баъди таркиши мошини боркаше, ки аз сӯи террористи маргталаб идора мешуд, шуруъ гардид.

Сардори пулиси Кобул Абдулраҳмон Раҳимӣ мегӯяд, аксаран мардуми осоишта кушта шудааст, зеро мошин дар истгоҳи оммавии назди хадамоти амният таркид. Яке аз ҷангҷӯёнро пулис куштааст.

Дар ин ҳамлаҳо ҳам сокинони осоишта ва ҳам нерӯҳои амниятии Афғонистон зиён дидаанд. Баъди чанд соати таркиши аввал шомгоҳ таркиши дувум рух дод, вале қурбоние дар пай надошт. Дар натиҷаи ин таркишҳо даҳҳо манзили истиқоматӣ, мағоза ва биноҳои ҳукуматӣ зарар дидаанд.

XS
SM
MD
LG