Ссылки доступа

Ду номзад дар порлумони Қирғизистон раъйи баробар гирифтанд


Дар порлумони Қирғизистон вакилони оянда раиси навро инитихоб хоҳанд кард. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони он кишвар хабар дода шуд.

Номзадҳо аз ҳизби "Қирғизистон" ва "Онугуу-Прогресс" Канат Исоев ва Бакит Торбоев раъйи баробар, ҳар кадом 51 овоз гирифта, ҳеч яке пирӯз нашуд.

Бакит Торбоев гуфт, дар таърих чунин ҳодиса бори аввал рух медиҳад. Вай афзуд, интихобот воқеӣ буд.

Канат Исоев гуфт, натиҷаи раъйдиҳӣ тааҷҷубовар буд. "Ҳатто агар махсус ин корро мекарданд, натиҷаҳо чунин намебуданд", - гуфт Исоев ва афзуд, ки ноумед нест ва ҳамроҳи ҳамкорон корро идома хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, ки раиси пешини порлумони Қирғизистон Асилбек Жээнбеков баъди интихоб шудани бародараш ба вазифаи сарвазирӣ, бо хоҳиши худ аз раисии порлумон даст кашид.

XS
SM
MD
LG