Ссылки доступа

Дархости Украина аз Русия барои гирифтани Савченко


Украина барои ҳалли масъалаи истирдоди Надежда Савченко, низомии украинӣ, ки дар Русия зиндонӣ аст, аз вазорати адлияи Русия дархост кардааст, ки ҳуҷҷатҳои лозимиро фиристад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маркази матбуотии вазорати адлияи Русия хабар медиҳад.

"Ба вазорати адлияи Русия тариқи факс 19 апрел аз вазорати адлияи Украина дархост расид, ки дар асоси моддаи 6 Конвенсияи табодули зиндониён, ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои баррасии супурдани Савченко ба Украина барои идомаи адои ҷазо дар зиндон фиристода шавад", - хабар медиҳад вазорати адлияи Русия.

Вазорат меафзояд, Русия ҳукмномаи додгоҳ ва маълумотномаи адои ҷазо ва ҳамчунин номаи ризоият ба супурдани Савченкоро ба ҷониби Украина хоҳад фиристод.

XS
SM
MD
LG