Ссылки доступа

ИМА хостори кумаки кишварҳои Халиҷи Форс ба Ироқ шуд


Барак Обама, президенти ИМА аз Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс даъват кард, ки мубориза бо гуруҳи тундагрои "Давлати исломӣ"-ро тақвият диҳанд ва ба эҳёи баъдиҷангии Ироқ ёрӣ расонанд.

Зимни сафар ба Риёз Обама бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дар қасри шоҳ мулоқоти хос анҷом дод.

Ҳамзамон дар остонаи конфронси кишварҳои Халиҷи Форс, ки имрӯз оғоз мешавад, вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер ба роҳбарон ва вазирони мудофиаи ин кишварҳо муроҷиат карда, аз онҳо хост, ки ба Ироқ кумаки иқтисодиву сиёсӣ расонанд. Дар ин конфронс роҳбарони Арабистони Саудӣ, Кувейт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Қатар ширкат мекунанд.

Президенти ИМА ҳамчунин бо шоҳзодаи валиаҳди Абу-Дабӣ шайх Муҳаммад бин Зоид ал-Наҳйан мулоқот ва низоъи минтақавӣ дар Шарқи Наздикро баррасӣ кард. Обама ва ввлиаҳди Абу-Дабӣ ба хулосае расиданд, ки ихтилофи Яман бо роҳи сиёсӣ ҳал шавад ва аз ҳукумати нави Либия пуштибонии байналхалқӣ сурат гирад.

XS
SM
MD
LG