Ссылки доступа

Додгоҳи Норвегия: давлат ҳуқуқҳои қотил Брейвикро поймол кардааст


Додгоҳи Норвегия қарор кард, ки давлат ҳуқуқҳои қотил Андрес Брейвикро, ки айни ҳол зиндонӣ аст, поймол кардааст. Брейвик даъво карда буд, ки нисбати вай муносибати инсонӣ сурат намегирад ва шаъну шарафаш поймол мешавад.

Брейвик дар моҳи март ба додгоҳ шикоят бурда, ҳукумати Норвегияро дар риоя накардани Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон ва ҳифзи озодиҳои бунёдӣ айбдор кард. Брейвик мегӯяд, ҳукумат ҳақ надорад, ки ӯро дар алоҳидагӣ аз дигар маҳбусон нигаҳ дорад.

Қисме аз даъвоҳои Брейвикро суд рад кард. Додгоҳ гуфт, ҳукумат дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва хонаводагии Брейвикро вайрон накардааст.

Тибқи қарори додгоҳ, ҳукумат вазифадор шудааст, ки ба Брейвик дар ҳаҷми 331 ҳазор крони норвегӣ (муодили 40 ҳазор доллари ИМА) ҷуброн пардозад.

Дар соли 2011 ифротии шадиди ростгаро Брейвик дар Осло, пойтахти Норвегия таркише ташкил кард ва баъдан сӯи лагери ҷавонон тир кушод. Шумори қурбониёни вай ба 77 нафар расид. Ин бузургтарин хунрезӣ дар Норвегия баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ буд. Брейвик 21 сол зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG