Ссылки доступа

Иссиқкӯл дар соли ҷорӣ интизори теъдоди рекордии сайёҳон аст


Мавсими сайёҳӣ дар Иссиқкӯли Қирғизистон дар соли ҷорӣ як моҳ пештар оғоз мешавад. Дар ин бора ба Бахши иттилоотии Осиёи Марказӣ ҳокими ноҳияи Иссиқкӯл Раимбек Имангазиев хабар дод.

“Маъмулан осоишгоҳҳо ба қабули истироҳаткунандаҳо дар охири моҳи июн омода мешуданд. Дар соли ҷорӣ як каме тағйир пешбинӣ мешавад ва омодагиро аллакай шурӯъ кардаем”, - хабар дод ҳокими ноҳия.

Ба гуфтаи вай, таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳифзи вазъи зистмуҳитии кӯл ва минтақаҳои атрофи он равона шудааст. Дар ин ноҳия 156 осоишгоҳ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 10 муассиса ба таври солиёна фаъолият мекунад.

Ба иттилои сомонаи сайёҳии Travel.ru, Иссиқкӯл дар рӯйхати 5 осоишгоҳи машҳуртарини кишварҳои ИДМ ҷой дорад.

Ширкатҳои сайёҳии Русия пешбинӣ мекунанд, ки дар соли 2016 Қирғизистон барои шаҳрвандони Русия яке аз самтҳои дӯстдоштаи ҷаҳонгардӣ мешавад. Интизор меравад, дар соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор сайёҳи рус аз Қирғизистон дидан кунад.

XS
SM
MD
LG