Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон имкони фурӯши заминро шарҳ доданд


Дар Қазоқистон заминро ба бархе аз ширкатҳои хориҷӣ низ фурухтан мумкин аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар Атирау муовини мудири раёсати рушди зербиноҳои иқтисодии вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон Гулҷаҳон Бимендина баён дошт.

- Агар саҳмияи ҷониби қазоқии ин ширкат 70 дарсад бошаду 30 дарсади боқимонда моли хориҷиҳо, ин ширкат метавонад дар музояда ширкат кунад. Аммо ҳатто дар ин ҳолат низ чунин ширкатҳо таҳти назорати махсус қарор мегиранд, - гуфт Гулҷаҳон Бимендина дар нишасти матбуотӣ.

Изҳори назари мақомот дар бораи эҳтимоли дар музояда фурухтани заминҳои кишоварзии беистифода барои “ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ” ба баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд. Бархе аз хатари “фурӯши замин ба хориҷиҳо” нигаронанд. Дар бархе аз шаҳрҳо фаъолон ҳатто дархости ҳамоишҳои эътирозӣ кардаанд. Ахиран дар Остона чунин як иқдом баргузор шуд.

Ба иттилои вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон, то 1 январи соли 2016 ба ихтиёри давлат беш аз се миллион гектар заминҳои кишоварзии истифоданашаванда баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG