Ссылки доступа

Ихроҷи 15 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон


Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон беш аз 80 шаҳрванди кишварҳои ИДМ, ки қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд, ихроҷ шуданд. Дар ин бора бо истинод ба манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ Sputnik Ӯзбекистон хабар дод.

Дар ин хабар зикр шудааст, ки бештари ихроҷшудаҳоро шаҳрвандони Қирғизистон (37) ва Тоҷикистон (15) ташкил медиҳанд.

Аз рӯи ҳамаи ин ҳолатҳо қарорҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ, қабул шудааст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, дар семоҳаи аввал аз 97 нафар беш аз 41 миллион сӯм ҷарима ситонида шудааст.

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000-ум омаду рафти шаҳрвандонро бо виза роҳандозӣ карданд. Аммо сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ метавонанд дар тӯли 5 рӯз дар қаламрави кишвари ҳамсоя бе виза ҳузур дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG