Ссылки доступа

Тарҳи вакилони қирғиз бойҳоро низ ёрдампулӣ медиҳад


Кыргызстан: депутаты хотят раздавать деньги на пособия богатым
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:33 0:00

Кыргызстан: депутаты хотят раздавать деньги на пособия богатым

Дар Қирғизистон тағйири қонуни кумакпулиҳои давлатӣ дар назар аст, ки бино бар он сарватмандон ҳам метавонанд, аз давлат ёрдампулӣ гиранд.

Шикоятҳо аз нокифоятии ёронаҳои давлатӣ сабаб шудааст, ки вакилони порлумони Қирғизистон қонунро тағйир диҳанд. Яке аз онҳо Улан Примов мегӯяд, тарҳи нав 170 ҳазор кӯдак ва шаҳрвандонро фаро гирифта, 1 миллиарду 748 миллион соми буҷаро (тақрибан 101 миллиономонӣ) металабад."Ман фикр мекунам, ки барои дастгирӣ аз қишри осебпазири ҷамъият ин маблағ кумаки хубе хоҳад шуд", - мегӯяд вакили порлумон

Аммо ошкор шуд, ки дар ҳоли қабул шудани тарҳи нав, дар баробари фақирон афроди сарватманд ҳам метавонанд аз давлат кумакпулӣ гиранд. Барои мисол - ҳамаи солмандони бознишаста, аз ҷумла, судяҳо, додситонҳо ва мансабдорони пешин, ки дар ҳоли ҳозир ҳам нафақаи кофӣ -- беш аз 20 ҳазор сом (тақрибан 2 ҳазор сомонӣ) мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷои ислоҳи низоми кумакпулӣ танҳо ҳаҷми ёронаҳоро бояд бештар кард. "Ҳоло ҳаҷми кумакпулии миёна моҳе 705 сом (70 сомонӣ)" аст. Ин маблағ дақиқан, ки ҳатто барои ғизо кифоят намекунад", - мегӯяд коршиноси мустақили масоили иҷтимоӣ Нозгул Тошпоева.

XS
SM
MD
LG