Вай раиси кумитаи тадорукоти ин ҳамоиш ва муовини нахуствазири кишвар аст. Барандаи ҳамоиши хабарнигорон Риз Хан гуфт, ки ҳарчанд президенти Қазоқистон натавонист дар ин ҳамоиш ҳузур дошта бошад, аммо "вай паҳлуи мост". Дар миёни меҳмонони олиқадри ин чорбанӣ Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон низ ҳаст.
Дар соли ҷорӣ дар ин ҳамоиш мавзӯъҳое ба мисли вижагиҳои ҷангҳои иттилоотии асри 21, нақши расонаҳо дар сулҳофарӣ ва барангехтани низоъ, вазъи кунунӣ ва ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ, дурнамои Иттиҳоди Авруосиё, вазъият дар Афғонистон баррасӣ мешаванд.
Баррасии марбут ба вазъи озодии баён дар Қазоқистон дар ин ҳамоиш тибқи маъмул сурат намегирад.
Ҳамоиши хабарнигорон дар Қазоқистон аз соли 2002 ба ин сӯ баргузор мешавад. Хазинаи давлатии "Самрук-Казина" сармоягузории ин ҳамоиши солона мебошад.