Ссылки доступа

Порошенко намоиши филмҳои русиро манъ кард


Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко қонунеро имзо кард, ки намоиши филмҳои русии баъд аз 1 январи соли 2014 эҷодшударо манъ мекунад. Порлумони Украина дар охири моҳи март ислоҳи қонун "Дар бораи синамогариро" тасвиб карда буд.

Тибқи ин ислоҳи қонун, дар Украина намоиши филмҳои баъд аз 1 январи соли 2014 дар Русия ба навор гирифта ё намоиш додашуда манъ аст. Аз ин ислоҳи қонун 237 вакили порлумон пуштибонӣ карданд. Пештар дар Украина ҳамаи филмҳое манъ шуданд, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии "кишвари ҳамлагар" таҳия шуда, сохторҳои қудратии Русияро таблиғ мекунанд.

"Ҳадафи ин ислоҳи қонун беҳтар кардани наҳваи қонунии ҳимояи амнияти миллии Украина дар фазои иттилоотӣ бо пешгирӣ аз ҳар гуна таблиғоти кишвари ишғолгар дар Украина мебошад", - гуфта шудааст дар шарҳи ин қонун.

Муаллифон таъкид кардаанд, ки амнияти миллии Украинаро қавитар карда, "ба камтар шудани майлиҳои ҷудоихоҳӣ дар ҷомеа мусоидат" ва ҳамчунин обрӯ ва эътибори давлатро бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG