Ссылки доступа

“Бачабозҳо”-ро дар Қазоқистон ахтаи кимиёӣ интизор аст


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тарҳи қонунеро имзо кард, ки ахтаи кимиёии нафаронеро пешбинӣ мекунад, ки дар бачабозӣ гунаҳгор дониста шудаанд.

Моҳи гузашта порлумони кишвар тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки ба хотири “пешгирии инсон аз хушунати шаҳвонӣ ва таҷовуз” аз тариқи сӯзандору ворид кардани маҳлули кимиёиро пешбинӣ мекунад.

Ин тарҳи қонун ҳамчунин ислоҳи Кодекси издивоҷ, занушавҳарӣ ва оиларо дар назар дорад. Ин ислоҳот ташкили махзани ҷумҳуриявии иттилоъ дар бораи кӯдакони ятим ва фарзандони бепарасторро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG