Ссылки доступа

Ӯзбекистон: бақайдгирии тиҷорат дар 30 дақиқа


Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон бо пуштибонии лоиҳаи "Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон" ислоҳи куллии низоми бақайдгирии тиҷоратро дар он кишвар идома медиҳад.

Тавре нашрияи интернетии Gazeta.uz хабар медиҳад, дар доираи супоришҳое, ки 15 майи соли 2015 бо фармони президент Ислом Каримов тасдиқ шудаанд, барои ислоҳи комили низоми сабти номи давлатӣ ва дар қайд гузоштани шахсони соҳибкор пешниҳодҳо омода шудаанд.

Низоми нави сабти ном имкон медиҳад, ки корхона тариқи интернет давоми 30 дақиқа ба қайд гирифта шавад. Дар ҳамин ҳол, ин низом соҳибкорро аз саргардониҳои дигари бақайдгирӣ, амсоли рафтан ба бонк барои супоридани пардохтҳои давлатӣ, раҳо мекунад.

Дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонии «Doing Business» Ӯзбекистон аз рӯи шохиси "Бақайдгирии тиҷорат" мақоми 42-ро соҳиб шуда, нисбати соли гузашта 22 зина боло рафтааст. Ба иттилои нашрия, агар дар соли 2014 соҳибкор бояд 7 марҳиларо пушти сар мекард, пас дар соли 2015 ин марҳилаҳо ба 5 адад расид. Муҳлати сабти ном то 6,5 рӯз кам шуд.

XS
SM
MD
LG