Ссылки доступа

ИМА аз Русия набастани маҷлиси тоторҳои Қримро хост


Иёлоти Муттаҳида аз Русия хостааст, қарори созмони ифротгаро донистани маҷлиси халқи тоторҳои Қримро бекор кунад. Дар ин бора дар баёнияи намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфта шудааст.

Маҷлис муддати дароз аз тоторҳои таърихан азияткашидаи Қрим намояндагӣ мекунад ва барои нигаҳ доштани фарҳанг ва ҳифзи тоторҳои нимҷазира аз хушунат зарур аст. Манъи фаъолияти маҷлис мухолифи асосҳои демократия аст, таъкид шудааст дар баёния.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА ёдовар шуд, дар Қрим қарорҳои Русия ҳукми қонунӣ надоранд ва аз Русия хост, ки назорати нимҷазираро ба Украина баргардонад. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки таҳримҳои зиддирусӣ, ки баъд аз ғасби Қрим роҳандозӣ шудаанд, то замони идомаи тасарруфи ин нимҷазира боқӣ мемонанд.

18-уми апрел вазорати адлияи Русия дар асоси қарори додситони Қрими ғасбшуда Наталя Поклонская маҷлиси халқи тоторҳои Қримро ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил ва фаъолияти онро манъ кард.

Киев дар робита ба ин барои “паст задани барқасдонаи шарафу эътибори тоторҳои Қрим” парвандаи ҷиноӣ боз кард. Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони Amnesty International тасмими мақомоти Русияро барои манъи маҷлиси тоторҳо танқид кард.

XS
SM
MD
LG