Ссылки доступа

Остона боздошти хеши додситони кулли Қирғизистонро тасдиқ кард


Дар гузаргоҳи марзии Қазоқистону Қирғизистон шаҳрванди Қирғизистон Эрмек Ҷолдубоев 9 апрели соли ҷорӣ бо маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳанд.

Нисбати Ҷолдубоев тафтиши пешакӣ шуруъ шудааст. Хабар дода мешавад, ки тафтиши то судӣ ба ихтиёри додситонии ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбули Қазоқистон фиристода шудааст.

Расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки шаҳрванд Ҷолдубаев хеши додситонии кулли Қирғизистон аст.

Аммо хадамоти матбуотии додситонии Қирғизистон ин хабарҳоро рад карда, мегӯяд, "шаҳрванд Эрмек Ҷолдубоев дар ҳоли ҳозир дар Бишкек аст ва 9 апрел марзи давлатиро низ убур накардааст".

XS
SM
MD
LG