Ссылки доступа

Дар Женева гуфтушунидҳои Сурия аз сар гирифта мешаванд


Ин ҳафта дар Женева гуфтушунидҳои роҳҳои қатъи даргирии низомии миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мухталифи мухолифи режими Башор Асад дар Сурия идома меёбанд.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Ҳалаб, дар пайи азсаргирии ҷангҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва ошӯбгарон дастикам 26 кушта шуданд.

Маркази мониторинги ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Бритониё фаъол аст, хабар дод, зимни тирпарронӣ ба бозори таҳти назорати ошӯбгарон 12 нафар кушта шуданд ва дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Дар минтақаи дигари Ҳалаб, ки таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ аст, зимни тирпарронӣ 10 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG