Ссылки доступа

Қирғизистон созишномаи иқлимии Парижро имзо накард


Бештаре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаи иқлимии Парижро имзо накарданд. Ин созишнома зимистони соли 2015 дар Париж ҳосил шуда, 22-апрел дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк имзо шуд.

Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақа ҳастанд, ки ин созишномаро имзо накарданд.

Ҳамоиши иқлимии СММ дар Париж аз 30-уми ноябр то 12-уми декабри соли 2015 идома дошт. Дар натиҷаи он ҳамаи 196 кишвари ширкаткунанда тавофуқномаи қолабии муайянкунандаи меёри партовҳои газхонаӣ баъд аз соли 2020 ва пешгирӣ аз тағйири иқлимро тасдиқ карданд.

Ин ҳуҷҷат ба унвони ҳадафи умумии 196 кишвар пешгирӣ аз болоравии гармии Замин дар ҳаҷми то ду дараҷаи Селсий то соли 2100-ро дар сатҳи то замони саноаткунонӣ пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ҳамаи кишварҳо талош хоҳанд кард, ки ин нишондодро дар сатҳи 1,5 дараҷаи Селсий нигаҳ доранд.

22-уми апрел ин ҳуҷҷатро намояндаҳои 175 кишвари ҷаҳон имзо карданд.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҳамоиши иқлимии Париж ширкат карда буд. Дар суханронии худ вай ваъда дод сатҳи бухорҳои гулхонаӣ ба фазоро 30% кам мекунад ва аз кишварҳои ҷаҳон хост дар сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG