Ссылки доступа

СММ аз партоби мушаки болдори Куриёи Шимолӣ интиқод кард


Шӯрои Амнияти СММ Куриёи Шимолиро барои партоби мушаки болдор аз киштии зериобӣ маҳкум кард. Партоби мушаки болдор 23-уми апрел зери раҳбарии Ким Чен Ин - президенти Куриёи Шимолӣ анҷом шудааст.

Тибқи баёнияи Пхенян, ин озмоиш “муваффақияти бузурге” буда, имкон медиҳад, ки Куриёи Шимолӣ “барои ҳамлаҳои ҳастаии қавӣ боз як таҷҳизоте дар ихтиёр дошта бошад”.

Дар баёнияи Шӯрои Амният гуфта шудааст, Пхенян “дубора қатъномаи СММ-ро вайрон кард”.

Фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Ҷанубӣ хабар медиҳад, ки мушак аз соҳили шарқӣ партоб шуда, масофаи 30 километрро тай кардааст. Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ талош доранд, то дақиқ кунанд, ки оё ин озмоиш ноком буд ва сабабҳои нокомиаш дар чист.

Президенти ИМА Барак Обама амалҳои Пхенянро иғвогарона номид ва аз Чин хост, ки ба мақомоти Куриёи Шимолӣ фишор орад.

XS
SM
MD
LG