Ссылки доступа

Каримов бо сафари расмӣ вориди Москва шуд


Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов имрӯз бо сафари расмии дурӯза вориди Москва шуд.

Хабар дода мешавад, ки гуфтугӯи Каримов ва президенти Русия Владимир Путин дар Москва ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва ҳамчунин масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бахшида мешавад.

Ислом Каримов аз замони касби истиқлоли Ӯзбекистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбари ин кишвар буда, дигарандеширо қабул надорад. Департаменти давлатии ИМА дар гузориши нави худ сохторҳои амниятии Ӯзбекистонро “дар истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагон” айбдор кард.

XS
SM
MD
LG