Ссылки доступа

Тоҷикистон: додгоҳ никоҳи миёни хешутаборонро бекор кард


Дар ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон додгоҳ зану шавҳари ҷавонро, ки бо ҳам хешу табор буданд, пас аз ҳафт соли ҳамзистӣ ҷудо кард.

Хусрав соли 2009 бо Зиёда, ки аз хешовандонаш буд, издивоҷ кард. Аммо баъд аз ҳафт сол ба додгоҳ муроҷиат кард, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, зеро таваллуди кӯдакони носолим зиндагии муштараки онҳоро талх кардааст.

Дар қарори судя Марзия Саидзода гуфта шудааст, ки “имкони нигаҳ доштани оила ғайриимкон аст ва талошҳо барои ба созиш расонидани зану шавҳар бефоида мебошад, зеро онҳо хешутаборанд ва аз издивоҷи онҳо фарзандони носолим таваллуд шудаанд”.

Зиёда, зани собиқи Хусрав дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфт, ки аз шавҳараш гилае надорад, зеро таваллуди фарзандони носолим боиси зиндагии ҷудогонаи онҳо шудааст. Кӯдаки нахустинашон бемор таваллуд шуда, сипас фавтид. Бо умеди таваллуди фарзанди солим онҳо табобат гирифтанд, аммо фарзанди дувумӣ низ носолим таваллуд шуд.

Бекор кардани никоҳи Зиёда ва Хусрав баъд аз ба ҳукми қонунӣ даромади Кодекси нави оила имконпазир шуд, ки никоҳҳои хешутабориро манъ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта никоҳҳои хешутабориро барои амнияти миллат хатарнок дониста, таблиғоти густурда ба зидди онҳо оғоз карданд.

Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки то моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор кӯдаки маъюб сабти ном шудааст, ки қариб 30% онҳо аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд.

XS
SM
MD
LG