Ссылки доступа

11 бонуи қирғиз аз асорати шаҳвонии Туркия озод шуданд


Рӯзномаи туркии Haberler хабар додааст, ки пулиси Туркия 11 шаҳрванди Қирғизистонро, ки ҳадафи истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд, озод кардааст.

Ба иттилои ин нашрия, дар амалиёти махсуси пулис дар чанд маҳаллаи шаҳри Бодрум 13 духтари аз 18 то 25-сола ошкор шуданд, ки миёни онҳо 11 шаҳрванди Қирғизистон, як шаҳрванди Гурҷистон ва як сокини Ӯзбекистон будаанд.

Шаҳрванди Гурҷистон ба маъмурони пулис гуфтааст, ки шиносномаи духтарҳоро гирифта, онҳоро маҷбур кардаанд, ки ба фоҳишагӣ машғул шаванд. Ба гуфтаи вай, дар ин шаҳр духтарҳои мисли вай зиёданд.

Ҳамчунин аз боздошти нафаре хабар дода мешавад, ки дар ташкили фоҳишахона ва маҷбур кардани занҳо ба фоҳишагӣ айбдор дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG