Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мехоҳанд, кӯдакон аз 6-солагӣ ба мактаб раванд


Барномаи гузариш ба таҳсили 12-сола дар мактабҳои Қазоқистон давоми чор соли оянда амалӣ мешавад, хабар медиҳад вазири маориф ва илми он кишвар Ерлан Сагадиев.

«Вазифаи таҳсилоти 12-сола ин нест, ки кӯдакони ба камол расидаро як соли дигар дар мактаб нигаҳ дорем. Вазифаи асосӣ — ин синфи аввалро дар синни шашсолагӣ шуруъ кардан аст. Ҳоло дар кишвари мо нисфи кӯдакон аз шашсолгӣ ба мактаб мераванд, нисфи дигарашон не... Аз ҳамин хотир ин вазифаи аввалиндараҷа аст, ки кӯдак бояд ҳатман дар синни шашсолгаӣ пушти мизи мактаб биншинад», — гуфтааст Сагадиев.

Сагадиев ҳамчунин дар бораи нақшаи "маблағгузории саршумор"-и мактаб дар шаҳрҳои калон ба хотири кам кардани хароҷоти идорӣ, хабар додааст. Вазир шарҳ додааст, ки усули маблағгузории саршумор чунин аст: муассисаи таълимӣ ҳар чӣ қадар кӯдакони бештарро фаро гирад, буҷааш ҳамон андоза бештар мешавад.

"Ин падида таъсири бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад... Буҷаи идории мактаб якбора кам мешавад", - гуфтааст Сагадиев. Ҳангоми "маблағгузории саршумор", тавре вазир афзудааст, мактаб соҳиби роҳбар мешавад, яъне мудирияти мактаб худ интихоб хоҳад кард, ки таъмирро чӣ гуна анҷом диҳад, кадом маблағҳоро сарф кунад ва ба омӯзгорон чӣ қадар маош диҳад.

XS
SM
MD
LG