Ссылки доступа

Порошенко ба бозгашти зуди Савченко ба Украина бовар дорад


Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, имкон дорад сарбози украинии дар Русия маҳкумшуда Надежда Савченко дар тӯли чанд ҳафтаи дигар ба ватан баргардад.

“Ман ҳоло мутмаинам, дар тӯли чанд ҳафтаи дигар ҳавопаймои президентӣ Надеждаро ба Украинаро бармегардонад. Фикр мекунам шахсан барои ман ва ҳам барои бештари украиниҳо ин ҷашни бузург мешавад”, - гуфт Порошенко дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии украинӣ. Ба гуфтаи раҳбари Украина, наҳваи озодкунии Надежда Савченко ва таърихи дақиқи онро вай 18-уми апрел дар сӯҳбати ахири телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин баррасӣ кардааст.

Порошенко афзуд, ки вай ҳамчунин дар бораи имкони ташрифи консули Украина ба назди Савченко дар зиндон тавофуқ кардааст.

Кремл то ҳол ин гуфтаҳои Порошенкоро шарҳ надодааст. Пештар мақомоти Русия борҳо вуҷуди ҳар гуна созиши мубодилаи Савченкоро рад кардааст.

Аммо Марк Фейгин, вакили дифои Надежда Савченко низ ба суханҳои президенти Украина дар бораи имкони бозгашти сарбози украинӣ ба ватан дар тӯли ҳафтаҳои наздик изҳори нобоварӣ кард.

22-уми март додгоҳи Русия Надежда Савченкоро бо айби ҳамдастӣ дар қатли ду шаҳрванди рус дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Вай ҳамаи айбҳоро рад мекунад. Дар бораи эҳтимоли ивази вай мақомоти рус ва украинӣ баъд аз 18-уми апрел изҳори назар карданд. Он рӯз ду шаҳрванди Русия - Евгений Ерофеев ва Александр Александров бо гуноҳи терроризм ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд. 21-уми апрел ҷониби Украина ба Русия дархости баргардонидани Савченкоро равон кард.

XS
SM
MD
LG