Ссылки доступа

Сарони панҷ кишвари Ғарб ғасби Қримро қабул надоранд


Раҳбарони панҷ кишвари пешрафтаи Ғарб изҳор доштанд, ки ғасб ва талоши тасарруфи Қрим аз тарафи Русияро рад мекунанд. Президенти ИМА Барак Обама, нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон, президенти Фаронса Франсуа Олланд, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Италия Маттео Рентси дар ин бора баъд аз анҷоми дидор дар қалъаи Ҳерренҳаузен дар Ҳановер баён доштанд.

Иҷрои пурраи созишномаи Минск шарти аслии робитаҳои минбаъда бо Русия аст, омадааст дар баёнияи муштараки раҳбарони ин кишварҳо. Ба таъкиди онҳо, таҳримҳои зидди Русия танҳо баъд аз иҷрои комили созишҳои Минск бекор карда мешаванд.

Маркази матбуотии Кохи сафед хабар медиҳад, ки суҳбати раҳбарони кишварҳо фарогири масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза буд. Сарони кишварҳо эътироф карданд, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупо мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст, ки онро бояд дар маҷмӯъ ба сурати доимӣ ва сазовори арзишҳои аврпуоӣ ва амрикоӣ ҳал кард.

Дар робита ба мубориза бо гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” раҳбарони кишварҳо аз пешрафти эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия истиқбол карда, омодагии комили худро барои пирӯзӣ бар ин гурӯҳи террористӣ эълон доштанд.

XS
SM
MD
LG