Ссылки доступа

Дар Ереван як автобус таркид


Дар натиҷаи таркиш дар автобусе дар Ереван се кас кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора муовини мудири Хадамоти наҷоти вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Арманистон Николай Григорян хабар медиҳад.

“Дар дохили автобус таҷҳизоти тарканда фаъол карда шуд. Таркиш на шикастпорагӣ, балки мавҷӣ буд”, - гуфт раиси пулис Владимир Гаспарян дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Арманистон”.

Таркиш дар кӯчаи Алабян дар дохили автобуси навъи “Богдан”, ки мусофиркашонӣ мекард, рух дод. Дар ҷои ҳодиса маъмурони пулис ва ҳолатҳои фақулода кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG