Ссылки доступа

Назарбоев баҳсҳои атрофи заминро шарҳ дод


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон тағйирот ба Кодекси замини ин кишварро, ки баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст, шарҳ дод. Дар вилояти Атирауи он кишвар зидди "фурӯши замин ба хориҷиҳо" эътироз баргузор шуд.

"Он ҷо дар бораи он ки мо заминро ба хориҷиҳо мефурӯшем, чизе гуфта нашудааст - чунин чизе нест. Ба шаҳрвандони Қазоқистон додани замин, ба хотири ин ки замин ба қумзор табдил нашавад - ин аст ҳадафи мо, замин ба нафъи мардум кор кунад, на ин ки бекор бихобад. Бисёриҳо заминро ғасб кардаанд: бархеашон кор мефармоянд, бархеи дигар онро истифода намебаранд, заминро алаф зер кардааст. Ана ҳамин замини Қазоқистон ном дорад, ки бояд саодат биорад, ба одамон роҳат расонад, - вале ин замин номаълум, ки бо кадом ҳадафҳо истифода мешавад, аммо ҳамаи ин ба гунаи дигар шарҳ дода шудааст", - мегӯяд Назарбоев.

XS
SM
MD
LG