Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон хирс як нафарро захмӣ ва 35 молро куштааст


Дар пайи ҳамлаи хирс сокини Дарвоз шадидан захмӣ шуда, 35 чорво кушта шудааст. Аловуддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хирс ба Маҳмадназар Худоиев, сокини ин деҳот ҷароҳати сангин расонида ва ҷабрдида ба табобати тӯлонӣ ниёз дорад.

"Лекин ҳоло Маҳмадназар як каме қадам мезанад", - афзуд вай.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, хирс дар чарогоҳи деҳаи Зиғар ба одам ҳамла кардааст. "Маҳмадназар барои чаронидани чорво ба кӯҳҳо меравад ва ногаҳон як хирс бо ду хирсбачааш ба вай ҳамла мекунад", - гуфт Афғонов. Вай ҷароҳат бардошта, аз чӯпонҳои дигар ёрӣ хостаст ва онҳо тавонистанд маҷруҳро аз марг наҷот диҳанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, дар рӯзҳои охир ҳодисаи ҳамлаи хирсҳо бештар шудааст. Танҳо дар моҳи ҷорӣ 25 сар моли хурд ва 10 гов қурбонии ин ҷонварҳои ваҳшӣ шуданд. "Хирсҳо одатан ба чарогоҳҳои деҳаҳои Зиғар ва Зак шабона ҳамла карда, аллакай 10 оғилро вайрон кардаанд. Ҳамин ки хирс садои чорвои хонагиро мешунавад, ҳамла карда, онро мекушад", - гуфт Афғонов.

Сокинони деҳа тасмим гирифтанд худро аз ҳамлаи ҷонварҳои ваҳшӣ ҳимоят кунанд ва аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ гурӯҳи махсусе ташкил ва онҳоро бо туфангҳои шикорӣ мусаллаҳ карданд. Онҳо бояд манзилу чорвои ин сокинонро аз ҷонварҳо ҳимоя кунанд.

Пештар ҳам аз минтақаҳои кӯҳистонӣ дар бораи ҳодисаҳои ҳамлаи ҷонварҳои ваҳшӣ ба одамон хабар мерасид. Се сол пеш аз ҳамлаи хирс дар ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон як наврас захмӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG