Ссылки доступа

Фарзандони “чернобилиёни” Тоҷикистон аз бемориҳо ранҷ мекашанд


Дар бартараф кардани оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил қариб 2 ҳазор сокини Тоҷикистон ширкат карда, аз онҳо 500 нафар дар қайди ҳаёт нестанд.

Ширкаткунандагони тоҷикистонии рафъи оқибатҳои он садамаи мудҳиши ҳастаӣ мегӯянд, ҳарчанд аз воқеа 30 сол гузашта бошад ҳам, онҳо то ҳол таъсири бади онро эҳсос мекунанд.

Фаридун Ҳакимов, раиси созмони ҷамъиятии “Иттифоқи чернобилчиён” гуфт, ки 1833 кӯдаки бартарафсозони садамаи истгоҳи барқии ҳастаии Чернобил бо норасоиҳои ҷисмонӣ таваллуд шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳакимов, баъд аз панҷ соли ин фоҷиа мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ қонуни махсуси ҳимояи иҷтимоии бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Чернобилро қабул кард. Бар асоси ин қонун Тоҷикистон низ “Тадбирҳои иловагии ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони осебдида аз садамаи нерӯгоҳи барқи ҳастаии Чернобил”-ро тасвиб намуд. Аммо иҷрои он ба сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ ақиб афтод. Танҳо дар соли 2007 дар Тоҷикистон қонуни махсуси ҳимояи иҷтимоии осебдидагони ин фоҷиа қабул шуд.

XS
SM
MD
LG