Ссылки доступа

Каримов аз Москва хост, дар сулҳи Афғонистон ширкат кунад


Ба гуфтаи Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон зарур аст, ки Русия ба музокироти сулҳи Афғонистон ҷалб шавад.

Зимни дидор бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Москва Каримов ҳамчунин гуфт, ки Созмони Ҳамкориҳои Шанхай набояд дар даргириҳои низомӣ ва сиёсии Афғонистон ширкат дошта бошад.

Вай зикр кард, азсаргирии музокироти миёни ҷунбиши “Толибон” ва ҳукумати Афғонистон барои тамоми минтақа муҳим аст. Дар моҳҳои охир Кобул ва ҳамчунин Покистону Чину ИМА ба эҳёи машваратҳои сулҳи Афғонистон талош карданд, аммо муваффақ нашуданд.

Дар навбати худ Путин зикр кард, ки Русия ва Ӯзбекистон аз таъсиси созмони зиддитеррористии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG